ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аҳолии Тоҷикистонро аз хатароти рӯзафзуни ҷаҳонӣ ҳушдор дод.
Ӯ зимни табрикоташ ба муносибати истиқлоли кишвар, солҳои охир мардуми сайёра бар асари тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолии паёпай, офатҳои табиӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба мушкилоти бисёр ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидаанд.
Илова бар ин ба гуфтаи вай мушкилоти экологӣ, хусусан, чор – панҷ соли охир авзои ҷаҳон торафт мураккабу печида гардида, яроқнокшавии бошитоб, "ҷанги сард", таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ рӯз ба рӯз вусъат пайдо карда истодаанд.
"Ёдовар мешавам, ки таъсири манфии таҳдиду хатарҳои муосир ва мушкилоти зикршуда ба Тоҷикистони азизи мо низ расида истодааст",- гуфт раисҷумҳур.
Ӯ таъкид кард, ки дар чунин давраи ноором мо бояд барои ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дастовардҳои он ҳамеша ҳушёру омода бошем ва дар ғафлат намонем.
Ба гуфтаи президент, таъмин намудани амният ва суботу оромӣ дар мамлакат на танҳо яке аз афзалиятҳои сиёсати Ҳукумат мебошад, балки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар ба ҳисоб меравад.
Зеро амалӣ гардидани ормону орзуи ҳар як шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ имкон дошта метавонад.
Барои пешгирӣ аз авоқиби хатарот ба гуфтаи сарвари давлат, бояд насли наврасу ҷавонро бо таърихи бисёр қадимӣ ва шукӯҳманду пурифтихори миллати тоҷик, бо мақому манзалати забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, бо фарҳанги рангорангу ғановатманди бостонӣ, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои деринаи миллӣ ҳарчи бештар ошно намоем.
"Мо бояд дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, нангу номус ва муҳаббату садоқат ба Ватанро тарбия кунем",- афзуд президент".
Ёдовар мешавем, ки 9 сентябр дар Тоҷикистон 33-умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ таҷлил мешавад.
Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии давлатии кишвар ба шумор меравад. Дар ин рӯз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раисони вилояту навоҳии ҷумҳурӣ ҳамеша бо паёмҳои худ баромад мекунанд.