Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо корхонаи "Продмаш"-и Русия масъалаи ҳамкориро баррасӣ кард

Корхонаи "Продмаш"-и Русия, ки ба истеҳсоли созаи филизӣ барои роҳсозӣ машғул аст, мехоҳад ба зори Тоҷикистон ворид шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 сен – Sputnik. Раҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарии роҳоро бо намояндагони корхонаи "Продмаш"-и Русия баррасӣ карданд.
Дар ин бора намояндагии тиҷоратии Русия дар Душанбе хабар додааст.
Қобили зикр аст, ки корхонаи "Продмаш"-и Русия ба истеҳсоли созаи филизӣ барои роҳсозӣ машғул аст.
"Роҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарии роҳро бо намояндагони истеҳсолкунандаи созаи филизии Русия корхонаи "Продмаш"-и Тотористон баррасӣ карданд", - хабар додааст манбаъ.
Ҷонибҳо имкони ба бозори Тоҷикистон ворид кардани маҳсулоти "Продмаш"-ро баррасӣ карданд.
Тотористон барои довталабони тоҷик квота ҷудо кард
"Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо вазъи кунунии инфрасохтори роҳ дар Тоҷикистон, инчунин зарурати сохтмони деворҳои баландсифат ва муосир барои роҳ ба хотири беҳтар намудани бехатарии ҳаракат дар роҳро баррасӣ намуданд", - омадааст дар хабар.
Ширкат маҳсулоти худро, ки ба стандартҳои байналмиллалӣ аз лиҳози сифат ва бехатарӣ ҷавобгӯ мебошанд, муаррифӣ намуд. Корхона омода аст, ки доираи васеи деворҳои роҳ пешниҳод кунад.
"Мо ҳалли масъалаи эътимодноку самарабахш барои беҳтар намудани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо пешниход мекунем, ки ин дар навбати худ шумораи фалокатҳоро дар роҳҳоро кам мекунад, — гуфт роҳбари ҳайани намояндагони корхонаи "Продмаш" Екатерина Подковирова.
Вай изҳори итминон кард, ки маҳсулоти ин ширкат дар бозори Тоҷикистон талабгор пайдо хоҳад кард.
"Мо ба ҳамкорӣ бо ин ширкат манфиатдорем, зеро барои таъмини бехатарӣ дар роҳҳои кишвар истифодаи девору монеаҳои муосири роҳ хеле муҳим аст", - гуфт муовини аввали вазири нақлиёт Раҳим Бобозода зимни мулоқот.
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Тотористон
Намояндаи тиҷоратии Русия дар Душанбе, Евгений Коренков изҳор дошт, дар ояндаи наздик ҷонибҳо як қатор мулоқотҳои иловагӣ доир намуда, ҷанбаҳои муфассали ҳамкорӣ, аз ҷумла масъалаҳои нархгузорӣ, таъминот ва насбро баррасӣ хоҳанд кард.
Корхонаи “Продмаш” як корхонаи бузурги истеҳсолкунандаи созаи филизӣ барои соҳаи роҳ, сохтмони саноатӣ ва инфрасохтори шаҳрӣ мебошад. Ширкат ба таҳия ва истеҳсоли маҳсулот аз металлҳо ва масолеҳи композитӣ барои сохтмони роҳу саноат, инфрасохтори шаҳрӣ, энергетика ва комплекси агросаноатӣ таҷриба дорад.