Дар СПАД хостори таваҷҷӯҳи вижа ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин шуданд

Ба гуфтаи раиси Ситоди муштараки СПАД, ин дафъа амалҳои амалии мо дар минтақаҳои обӣ бо истифода аз каиқҳои ҷангӣ санҷида мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дар ҷараёни тамринҳои низомии "Муомила-2024", ки дар Қирғизистон баргузор мешавад, бояд ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мубориза бо онҳо таваҷҷӯҳи хоса дода шавад.
Дар ин бора Андрей Сердюков, раиси Ситоди муштараки СПАД рӯзи шанбе изҳор дошт, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Айни замон вазъ дар ҷаҳон ноустувории стратегӣ буда, низоъҳои минтақавӣ шадид боқӣ мемонанд. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ хатару чолишҳои марбут ба терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, паҳншавии ғайриқонунии аслиҳа, воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ дар сатҳи баланд боқӣ мондааст", - гуфт ӯ зимни маросими ифтитоҳи тамринот.
Вай таъкид кард, ки ҳадафи асосии машқҳои ҳайати фармондеҳӣ таъмини омодагии мақомоти фармондеҳӣ, воҳидҳои нерӯҳои низомии амнияти дастаҷамъӣ барои иҷрои вазифаҳост.
"Мо таҷрибаи даргириҳои мусаллаҳонаи муосирро ба назар гирифтем. Шаклхо ва усулҳои доимо тағйирёбандаи амалиёти ҷангӣ таҳлили чуқур, омухтан ва азхуд намудани онҳоро дар рафти тайёрии оперативӣ ва ҷангӣ талаб мекунад. Ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва муқовимат ба онҳо, ҷанги электронӣ ва несту нобуд кардани нуқтаҳои оташкушоӣ, ки айни замон дар майдони ҷанг муҳимтарин аст, таваҷҷӯҳи махсус бояд дод", - таъкид кард Сердюков.
Ба гуфтаи вай, ин дафъа амалҳои амалии мо дар минтақаҳои обӣ бо истифода аз каиқҳои ҷангӣ санҷида мешаванд
Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои низомии СПАД дар Қирғизистон
Вай афзуд, ки дар ҷараёни машқҳои дарпешистода таҳияи гузинаҳои амалҳои эҳтимолӣ дар назар аст, ки баъдан ҳангоми истифодаи нерӯҳои дастаҷамъӣ дар шароити воқеӣ истифода хоҳанд шуд.
Аз 3-ум то 15-уми сентябр дар қаламрави Қирғизистон тамринҳои низомии “Муомила-2024”, “Ҷустуҷӯ-2024” ва “Эшелон-2024”, ки омӯзиши ҷузъҳои мухталифи нерӯҳои дастаҷамъии СПАД муттаҳид мешаванд, баргузор мешаванд.
Дар он воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон, Белорус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Дар доираи машқҳо дар назар аст, масъалаҳои иктишофии ҳарбӣ, омодагӣ ва баргузории амалиёти муштарак барои ҳалли низои мусаллаҳона таҳия карда шаванд.