ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дар Гулистони вилояти Суғд "Корхонаи металлургии тоҷик" ба истифода дода шуд, ки иқтидори он 30 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин маросим ширкат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Роҳбари давлат ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, дар он ҷо ҳамчунин 33-умин солгарди истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣро таҷлил мекунад.
Корхона барои иқтидори 30 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки он дар заминаи равобити дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Узбекистон таъсис ёфтааст.
Корхона масолеҳи бинокорӣ — чуб ва арматура мебарорад, хатҳои истеҳсолии корхона ба насли нав тааллук доранд, ки аз мамлакатхои пешқадами ҷаҳон қабул карда шудаанд.
Раҳмон оғози фаъолияти корхонаи нави саноатиро омили муҳим ва қадами устувор дар роҳи расидан ба яке аз аҳдофи стратегии ҳукумат – саноатикунонии босуръати кишвар хонд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ӯ.
Дар шимоли ҷумҳурӣ ҳамчунин баъди азнавсозӣ 3 агрегати НБО Қайроққум ба истифода дода шуд.
Гуфта мешавад, ки дар тӯли 68 соли фаъолияти ин нерӯгоҳ, гидроагрегат ва дигар таҷҳизоти асосӣ фарсуда шуда, иқтидори истеҳсолии он 12 МВт кам шудааст.
Аз соли 2019 инҷониб дар маҷмааи барқи обӣ корҳои бозсозӣ оғоз гардида, дар тӯли беш аз панҷ сол агрегатҳои №4,5 ва 6 пурра аз нав сохта шуда, иқтидори ҳар кадоми онҳо аз 19 МВт ба 29 МВт расонида шуд.
Пас аз татбиқи лоиҳа ва пурра ба кор андохтани агрегатҳои дигар, ки то соли 2026 пешбинӣ шудааст, истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯи барқ дар Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум аз 580 млн кВт/соат ба 850 млн кВт/соат расонида мешавад.