Раҳмон аз Хатлон ба Суғд рафт

Қарор аст, ки сафари раисҷумҳури кишвар ба вилоят чаҳор рӯз идома кунад, ки дар робита ба ин БДА дар баъзе шаҳру навоҳӣ роҳбандии муваққатро эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 сен – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз боздиди чандрӯза аз ҷануби кишвар ба шимол сафар кард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд президентро раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ба гузориши дафтари матбуоти президент, ҳадафи сафар иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф аст.
Баробари вуруд ба вилоят ӯ нахуст дар шаҳри Бӯстон бинои нави истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи, ки дар гарнизони Суғд воқеанд, ба истифода доданд.
Раҳмон ба Суғд меравад: Эълони чор рӯзи роҳбандӣ дар вилоят
Бинои нав, ки аз панҷ ошёна иборат аст, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёд гардида, дорои 45 хонаи истиқоматии як, ду ва се ҳуҷрагӣ буда, бо ҷиҳозу лавозимоти рӯзгор таъмин карда шудааст.
Сарвари давлат ҳамчунин дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бинои нави маркази саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити кор ва хизматрасонӣ дар ин муассиса шинос шуд.
Маркази нави саломатӣ дуошёна буда, аз 13 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои табиби дандон, ташхиси ултрасадо, тибби оилавӣ, хатна, амрози занона ва маҷлисгоҳ бо 25 ҷойи нишаст иборат аст.
Иншооти нави саломатӣ барои хизмат ба 862 хоҷагӣ ва 3 ҳазору 724 сокини шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистони бо сатҳу сифати ҷаобгӯ ба талаботи замони муосир пешбинӣ шудааст.
Қарор аст, ки сафари раисҷумҳури кишвар ба вилоят чаҳор рӯз идома кунад, ки дар робита ба ин БДА дар баъзе шаҳру навоҳӣ роҳбандии муваққатро эълон кард.
Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 – солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунад, ки чорабиниҳои асосии он дар шаҳри Хуҷанд барпо карда мешавад.