ДУШАНБЕ, 7 сен – Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Комил Мирзоалӣ Ҷурахон дар деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ду пули мошингузарро ифтитоҳ намуданд.
Ин ду пули мошингузар, ки роҳи байни деҳаҳои Файзобод ва маҳаллаи ба номи Изатулло Шарипови деҳоти Даштигулоро бо ҳам мепайвандад, аз болои Сиёҳоб мегузарад.
Сохтмони пул бо дарозии 42 метр ва паҳноии 6 метр ба маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз тарафи Лоиҳаи "Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон” маблағгузорӣ гардидааст.
Роҳбарияти вилояти Хатлон қайд кардаанд, ки бо сохтмони ин ду пули мошингузар мушкили деринаи сокинони ин маҳалла ҳал мешавад. Равуои сокинон осонтар мешавад.
Мақомоти Хатлон қайд кардааст, ки аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 685 адад иншоотҳои нав таъсис ёфтааст
Аз ҷумла дар вилоят таъмиру сохтмони 50 адад иншооти соҳаи маориф, 7 дармонгоҳ барои қабули 140 нафар дар як баст, 15 адад иншоотҳои фарҳангӣ, 6 адад биноҳои истиқоматии бисёрошёна, 22 адад иншоотҳои варзишӣ, 55 адад иншооти соҳаи кишоварзӣ, 2 иншооти соҳаи саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хати оби нӯшокӣ, сохтмони 126 км роҳҳо ва 30 адад пулҳои автомобилгард дар қитъаҳои гуногун, 171 иншооти хизматрасонӣ ва 176 адад дигар биною иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.