ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Тотористон дар оянда дар ҳамкорӣ бо Кумитаи таҳсилоти ибтидӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон шумораи квотаҳои таҳсилотиро боз ҳам зиёд хоҳад кард.
Дар ин бора зимни мулоқоти роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва калонтарин ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тотористон ва Русия баён карда шуд.
Тавре Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон хабар додаастр, зимни мулоқот қайд карда шуд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тотористон барои шаҳрвандони Тоҷикистон 100 квота аз рӯи 18 ихтисос ҷудо гардидааст.
Ҳамчунин дар мулоқот роҳҳои беҳбуд бахшидан ба такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаи таълимии касбӣ, коркарди моделҳои нави такмили маҳорати касбӣ ва сатҳу сифати машғулияти такмили ихтисос баррасӣ гардиданд.
Раиси Кумита Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки дар айни замон дар назди кумита 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 5 филиал фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рӯйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.
Муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тотористон Андрей Поминов дар самти омода кардани мутахассисон дар Коллеҷи политехникии "Алабуга" гуфт, ки онҳо омодаанд бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд.
Қайд карда шудааст, ки дар мулоқот роҳбарони муассисаҳои таълимии касбии Тоҷикистон, аз ҷумла коллеҷҳои технологӣ, муҳандисию омӯзгорӣ ва техникӣ якҷо бо ширкатҳои истеҳсолии Тотористон барои ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум ва ҳамкории дуҷониба изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрӣ дар доираи баргузории Мактаби илмӣ-омӯзишӣ дар мавзуи "Ҳамкории мутақобили системаҳои миллии таълимии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим дар паҳнои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил", ки то 10 сентябр дар шаҳри Душанбе идома меёбад, баргузор шуд.