Ҳукумати Суғд барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ пахта ситоди вилоятӣ ташкил кард

Бо қарори раиси вилояти Суғд бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта Ситоди вилоятии “Ҳосил-2024” таъсис дода шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ахиран қарореро ба тасвиб расонд, ки тибқи он дар вилоят барои сари вақт вамъ намудани ҳосили пахта ситоди вилоятӣ таъсис дода шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
“Бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Ситоди вилоятии "Ҳосил-2024" таъсис дода шуд”
Тибқи ин қарор раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки корҳои омодагии хоҷагиҳои пахтакорро ба мавсими имсола баррасӣ ва бошишгоҳҳои саҳроиро омода намоянд.
"Маҳсулоти стратегӣ": кишти пахта дар Тоҷикистон – арқом
Ҳамчунин раиси вилояти Суғд сарраёсати кишоварзии вилоятро вазифадор кардааст, ки барои ҳавасманд гардонидани пахтакорон дар давраи ҳосилғундорӣ мусобиқаи меҳнатӣ ташкил намояд.
Раҷаббой Аҳмадзода супорилш додааст, ки ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шаванд.