Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти Форуми иқтисодии шарқӣ дар Владивосток суханронӣ кард.
Рӯзи сешанбе, 5 сентябр, рӯйдоди марказии чорабинӣ - пленарӣ баргузор шуд.
Тавре қаблан маълум шуд, Путин тасмим гирифтааст, ки як қатор изҳороти муҳим кунад.
Форуми 9 иқтисодии шарқӣ 4 сентябр дар Владивосток дар кампуси Донишгоҳи федералии Шарқи Дур оғоз шуд. Чорабинӣ 4 рӯз давом мекунад.
Форуми иқтисодии шарқӣ як майдони калидии байналмилалӣ барои эҷод ва таҳкими робитаҳо байни ҷомеаи сармоягузории Русия ва ҷаҳон арзёбӣ мешавад. Дар доираи он ҳамчунин баррасии коршиносона ва ҳамаҷонибаи зарфиятҳои иқтитисодии Шарқи Дури Русия сурат мегирад.
Форуми мазкур бо фармони президенти Русия аз 19 майи соли 2015 бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисоди Шарқи Дур ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором таъсис дода шудаст.
"Sputnik - шарики умумии иттилоотӣ" дар Форуми иқтисодии Шарқӣ мебошад.