ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Шарқӣ таъкид кард, ки роҳбарони Киев дар бораи мардуми худ фикр намекунад, онҳо худро мисли мавҷуди фарозаминӣ ё хориҷиён рафтор мекунанд.
"Баъзан фикр мекунам, ки онҳое, ки Украинаро роҳбарӣ мекунанд, мисли мавҷуди фарозаминӣ ё хориҷианд... Онҳо фикр намекунанд... Хуб, талафоти онҳо хеле зиёд аст, ман ҳатто намефаҳмам, ки баъд онҳо чӣ кор хоҳанд кард”, - гуфт Путин.
Владимир Путин таъкид кард, ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
"Душман дар самтҳои муҳим худро заъиф кардааст, ки нерӯҳои мо амалиёти худ суръат бахшиданд”, - гуфт раҳбари Русия.
Владимир Путин қайд кард, ки талафоти нерӯҳои украинӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст.
“Ҳам аз лиҳози сарбоз ва ҳам техника талафот зиёд аст”, - гуфт президенти Русия.
Владимир Путин зикр кард, ки талафоти артиши Украина боиси харобшавии хутти ҷабҳа мешавад ва метавонад боиси коҳиши тавоноии ҷангӣ шавад.
Дар ҳамин ҳол, Владимир путин қайд кард, ки Украина низоъро то охирин украинӣ идома медиҳад.
Путин қайд кард, ки роҳбарони Киев дар бораи мардуми худ фикр намекунад. Украина бо ҷалби кӯдакон ба сафи артиш ва поин бурдани синни даъват ба артишро идома медиҳад.
Русия аз музокира бо Украина даст накашидааст
Дар ҳамин ҳол, кишвардори русия қайд кард, ки Русия ҳеҷ гоҳ аз музокирот бо Украина даст накашидааст.
Вай илова кард, ки Русия омода нест, ки музокиротро бар асоси талабҳои муваққатӣ анҷом диҳад.
"Оё мо омодаем, ки бо онҳо музокира кунем? Мо ҳеҷ гоҳ аз музокирот даст кашида набудем, аммо музокирот на дар асоси баъзе дархостҳои муваққатӣ, балки дар асоси он ҳуҷҷатҳое, ки дар Истамбул мувофиқа шуда сурат бигирад", - қайд кард Путин.
Форуми иқтисодии шарқӣ рӯзҳои 3-6 сентябр дар кампуси Донишгоҳи федералии Шарқи Дур дар Владивосток баргузор мешавад.
Sputnik шарики расонаии ин чорабинӣ мебошад.