СММ шарти шиносоии ҳукумати Толибонро* гуфт

Ҳайати муовинат Созмони миллали муттаҳид дар Афғонистон гуфт, ки бозкушоии мадориси духтарона шарти шиносоии Толибон* аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Раиси дафтари намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар Афғонистон (ЮНАМА) Роза Отумбоева дар гузориш тасреҳ кард, ки ба расмият шинохтани гурӯҳ толибон* ба бозшудани макотиби духтарона ва иҷоза додани кор ба занон вобаста аст.
Хонум Отумбоева афзуд, ки тибқи машваратҳои СММ бо гурӯҳҳои мухталиф мардуми Афғонистон, тавофуқи густардае вуҷуд дорад, ки гурӯҳи Толибон* набояд ба расмият шинохта шаванд.
Дар ин гузориш ба изҳороти Лиза Дутан, мудири бахши молӣ ва мушорикати дафтари ҳамоҳангкунандаи кӯмакҳои башардӯстонаи Миллали Муттаҳид ишора шуда ва омадааст: Ҳамакнун 23,7 миллион нафар дар Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.
Толибон*: Дар тӯли таърих ба дунболи таъомули мусбат бо ҳамсояҳои худ будем
Ин гузориш ба нақл аз Лиза Дутен ҳокӣ аст осори номатлуб тағйироти иқлимӣ, буҳрони башариро дар Афғонистон ташдид карда аст.
Шӯроои амнияти СММ ахиран гузориш аз барномаи худ дар моҳи сентябрро мунташшир ва эълом кард, ки қарор аст дар ин моҳ ҷаласае дар бораи Афғонистон баргузор кунад.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад