Маълум шуд, ки Раҳмон Темур Зулфиқоровро чӣ гуна қадрдонӣ кардааст

Раисҷумҳури Тоҷикистон адиб ва драманависи маъруфи тоҷик Темур Зулфиқоровро бо Ордени Шараф дараҷаи 1 қадрдонӣ намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии кишвар адиб ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров бо Ордени Шараф дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, мукофоти давлатиро ба адиби маъруф Темур Зулфиқоров муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар арафаи ҷашнҳои давлатӣ намояндагони гуногункасби ҷумҳурӣ, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд, бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ мегарданд.
Раҳмон ба низомиёну кормандони ҳифзи ҳуқуқ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ дод
Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ аввал (солҳои 1956—1958) дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи адабии Ленинград хонда, баъдан таҳсилро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкийи шаҳри Москва идома дода, соли 1961 онро хатм кард.
Темур Зулфиқоров бо асари "Достони марги Амир Темур" (1971) ба адабиёт ворид шуд. Муаллифи беш аз 30 асари манзуму мансур аст, ки адади нашри онҳо беш аз як миллион нусха баршумурда шудааст. Романҳои Темур Зулфиқоров дар бораи Хоҷа Насриддин, Умари Хайём, Иван Грозний ва дигарон ӯро шуҳратманд кардаанд. Аз ҷумла, асари ӯ "Сафари заминӣ ва осмонии шоир" унвони "Беҳтарин романи Аврупо-93" ва ҷоизаи "Кол­етс"-и Британияро дарёфт кард.
Асари "Тамсилҳои тиллоии Хоҷа Насриддин"-и Темур Зулфиқоров соли 2004 ҳамчун "асари ҳунарии барҷастаи адабиёти рус" сазовори ҷоизаи адабии "Ясная Поляна" ва асари дигари ӯ — "Афъимори марҷонӣ" соҳиби унвони "Китоби беҳтарини сол" (2005) шуда, барои беҳтарин филмнома соли 1991 сазовори ҷоизаи "Ҳортли-Меррилл" (Ҳолливуд) гардид.