Раҳмон ба низомиёну кормандони ҳифзи ҳуқуқ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ дод

Хизматчиёни низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадрдонӣ шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба як гуруҳ хизматчиёни низомии артиши кишвар ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус сарфароз гардониданд.
Таъкид шудааст, ки мукофотҳои навбатӣ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ дода шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, чанд нафарро бо унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадрдонӣ кард.
Аз ҷумла, 1 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 кас бо ордени Спитамен дараҷаи II, 4 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 34 кас бо медали Ҷасорат, 47 нафар бо медали хизмати шоиста ва 2 кас бо Ифтихорномаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Фармони Раҳмон дар бораи интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо
Бо фармони Президенти Тоҷикистон ба як гуруҳ хизматчиёни низомӣ” ва кормандони масъул аз Хадамоти гумрук, Прокуратура, Вазорати дифоъ, ВКД, КДАМ, КҲФ ва Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус дода шуд.
Аз ҷумла раисҷумзур рутбаи махсуси навбатии генерал-полковники хадамоти гумрук, генерал — лейтенанти адлия, генерал-майори милитсия, генерал-майор, рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, генерал майори адлия, рутбаи навбатии ҳарбии генерал — майори гвардия ва генерал-майори хадамоти гумрук супурд.
Қайд карда шудааст, ки дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти кишвар аз хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат, таъмини амнияту суботи сарзамин, риояи ҳатмии қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои талаботи ойинномаҳо даъват кард.