ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Дар Қирғизистон тартиби нави сабти ном барои шаҳрвандони 8 кишвари дорои низоми бидуни раводид, ки дар ин кишвар бо ҳадафҳои хусусӣ иқомат мекунанд, ҷорӣ карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати рушди рақамии Қирғизистон хабар додааст.
Қоидаҳои нав аз 5-уми сентябр эътибори расмӣ пайдо хоҳад кард.
Тибқи ин қоидаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни таҳияи ҳуҷҷатҳои илоавгӣ метавонанд дар Қирғизистон давоми ҳар 120 рӯз на бештар аз 60 рӯз иқомат кунанд.
Барои муқоиса, қаблан бо сабти ном имкони иқомат то шаш моҳ дар Қирғизистон фароҳам шуда буд.
Тағйирот ба сайёҳони Русия, Қазоқистон, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Молдова низ дахл доранд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати рушди рақамии Қирғизистон.
Бо вуҷуди ин, сокинони кишварҳои ИИАО ҳуқуқ доранд, ки дар давоми 180 рӯз 90 рӯз дар ҷумҳурӣ бимонанд.
Ва барои тамдиди муҳлат пешниҳод шудааст, ки иҷозаи иқомати муваққатӣ тибқи нақшаи соддашуда таҳия карда шавад.