ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Тасвири зебои зиндагӣ? Барои баъзе ширкатҳо ин воқеият аст. Чунончи, дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” “индекси саодатмандӣ”-и кормандон 78,9%-ро ташкил медиҳад.
Ширкат ҳар се моҳ пурсиши кормандонро мегузаронад. Ин як амали ихтиёрист: ҳеҷ кас маҷбуран талаб намекунад, ки андешаи худро дар бораи роҳбарон, ҳамкорон ва дигар муносибатҳои корӣ баён намоед. Бо вуҷуди ин, теъдоди иштирокчиёни пурсиш ҳамеша зиёд аст.
Масалан, дар моҳи июн ҳиссаи онҳо 90%-ро ташкил намуд. Худи ҳамин далел аз ҷалбшавиву иштирок дар хаёти ширкат шаҳодат медиҳад.
Зимнан, яке аз нишондиҳандаҳои муҳим "Ҷалбшавӣ" ном дорад. Он омодагии кормандро барои сарфи қувваи худ ба кор, на танҳо барои иҷрои вазифаҳои худ, балки ҷиҳати кӯмак ба ҳамкорон,нишон медиҳад. Корманди ҷалбшуда моҳияти амалҳои худро дарк мекунад, аз ташаббускорӣ наметарсад ва натиҷаи тамоми коллектив барои ӯ муҳим аст.
МегаФон Тоҷикистон на танҳо нисбати муҳити дохили ширкат ғамхорӣ мекунад, балки бо бузургтарин иштирокчиёни соҳаи телекоммуникатсия таносуб мегузаронад.
Сатҳи иштирок дар ширкат хеле баланд аст - 89%. Ин назар ба нишондиҳандаҳои миёнаи байни рақибон 4% бештар буда, натиҷаи минималии нисбат ба ҳамкасбони соҳаи телекоммуникатсия 14% зиёд аст*.
Саодатмандии кормандон аз чӣ иборат аст? Саодатмандӣ қариб ҳамаи ҷанбаҳои кор дар ширкат, аз ҷумла имкони суҳбати ошкоро бо роҳбарон, пешниҳоди идеяҳои ҷолиб ва татбиқи онҳо, муносибатҳо бо ҳамкорон ва набудани мамониатҳоро барои такмилёбӣ дар бар мегирад.
Шароитҳои бароҳат дар ҷои кор низ моҳияти хос доранд. Боз як ҷанбаи дигар барномаҳои омӯзишӣ мебошанд, ки вобаста ба онҳо дар ширкат “Академияи МегаФон” фаъолият дорад, ки дар он кормандон аз ҳамкасбони ботаҷриба ва коршиносони даъватшуда таълим мегиранд.
Баҳри такомули касбӣ онлайн-платформаҳои омӯзишӣ низ кӯмак мекунанд. Ин аст, ки танҳо дар яке аз онҳо, яъне платформаи "Эдюсон", дар соли 2024 зиёда аз 3 000 курсҳо гузаронида шуданд.
Аксари бандҳои қайдкардаи аъзоёни дастаи “МегаФон Тоҷикистон” ранги сабз доранд, бо ин ранг баҳоҳои баланде, ки ба ширкат дода шуданд, қайд карда мешаванд. Табиист, ки лаҳзаҳое низ ҳастанд, ки ба минтақаи зард меафтанд. Кормандон комилан фаҳмо дар бораи маоши баландтар орзу мекунанд ё масъалаҳои маиширо пеш мегузоранд.
Масалан, бо хоҳиши онҳо дар идораҳо дастгоҳҳои қаҳватайёркунӣ гузошта шуданд, то ки онҳо бо як пиёла қаҳваи хуштамъ бардамиро эҳсос намоянд. Ноутбукҳои боиқтидор низ харида шуданд. Ширкат инчунин ба дигар дархостҳо таъҷилан эътино менамояд. Аз ин рӯ, шароитҳои бароҳат боз ҳам зери ранги сабз қарор дошта, аз даҳ холи имконпазир - 8,2 холро ташкил медиҳанд.
Нишондиҳандаҳои дигари “индекси саодатмандӣ” дар он ифода меёбанд, ки 87% иштирокчиён аз ширкати худ ифтихор доранд ва 85% омодаанд, ки онро ҳамчун ҷои кори беҳтарин ба дӯстону шиносони худ тавсия диҳанд.
Далели тасмими мазкур бо муваффақиятҳои ширкат ва сифати маҳсулоти он, муҳит дар коллектив ва ҷорикунии инноватсияҳои рақамӣ дар ҷомеа маънидод мегардад. Кормандон, инчунин, имкониятҳои пешравии касбию кории худро ба инобат мегиранд. Далели ҷолиб: дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 70% тамоми ҷойҳои кории холиро дар ширкат номзадҳои дохилӣ ишғол карданд, яъне номзадҳо ба вазифаҳои баланд пеш аз ҳама аз байни кормандон пайдо карда мешаванд.
Аҷиб нест, ки 74% кормандон дар бораи ивазкунии ҷои кори ҳозираи худ кам фикр мекунанд ё умуман фикр накардаанд. 78% бошад, тайёранд, ки корҳоро зиёдтар аз уҳдадориҳои вазифавии худ иҷро намоянд.
Мо аллакай рақамҳои зиёдеро номбар кардем. Happy Index низ маҳз аз маълумоти номбаршуда бармеояд. Зимнан, агар шумо дар як дастаи кордону серсоҳа фаъолият намоед, пас метавонед аз ҷиҳати касбию корӣ такмил ёбед.
Омили дигари саодатмандӣ дар дастгирӣ ёфтани шумо аз тарафи роҳбарият зоҳир мегардад, яъне агар роҳбарият ташаббусҳои шуморо қобили қабулу дастгирӣ донад, ин худ боз як нишонаи саодатмандӣ маҳсуб меёбад.
"Дар тӯли 23 соли фаъолият дар кишвар мо тавонистем як дастаеро таъсис диҳем, ки суръати рушди соҳаи телекоммуникатсияро дар Тоҷикистонро муайян кунад. Ин кор танҳо ба одамони шавқманд ва муҳимтар аз ҳама, ашхоси саодатманд, муяссар мегардад.
Ҳар як ҷузъи алоҳидаро иваз кардан мумкин аст, вале кормандони саршор аз идеяҳо ва талоши ноилшавӣ ба натиҷаҳои умумӣ ивазнашавандаанд. Кормандон сарвати асосӣ ва пурарзиштарини ширкат мебошанд. Аз ин рӯ, на танҳо ба даст овардани баҳои баланди Happy Index, балки минбаъд низ нигоҳ доштани он муҳим аст", - мегӯяд директори иҷроияи ширкати "МегаФон Тоҷикистон" Анатолий Изюмников.
*Нишондиҳандаҳои ҷалбшавӣ аз рӯи бенчмарк бо ширкатҳои телекоммуникатсонии ФР