ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Аҳмад Масъуд гуфтт, ки аз ибтидои имсол 208 амалиёти низомӣ дар саросари Афғонистон алайҳи Толибон* иҷро кардааст.
Раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ахиран ба расонаҳои хориҷӣ ахиран иддао кардааст, ки Ҷабҳа акнун пас аз се сол аз рӯи кор омадани Толибон* тақрибан дар 20 вилоят кишвар шабака дорад ва амалиёти низомии ин гурӯҳ умдатан чирикӣ аст.
Аҳмад Масъуд роҳбари ин гурӯҳ дар дрохили Афғонистонро рушан ва мушаххас тавсиф ва тасреҳ кард.
"Шохаи низомии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар дохили Афғонистон мустақар аст ва ҳар рӯз, ки мегузарад мо дар ҳоли афзоиши зарфият сарбозгирӣ ва амалиёти худ ҳастем”, - гуфт Масъуд.
Раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон изҳор кард, ки толибон фақат ба қудрат ва зур посух медиҳанд ва таъомул дипломотик бо ин гурӯҳ танҳо онҳоро ҷасур кардааст.
*-Гурӯҳ бараои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.