ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) тасмим гирифтааст, ки барои ҳамлу нақли худравҳо талаботи ягона ҷорӣ кунад.
Дар ин бора сомонаи вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, кишварҳои узви иттиҳод расмиёти дохилии заруриро барои имзои Созишнома дар бораи вазн, бори меҳвар ва андозаҳои иҷозаи воситаҳои нақлиёт дар роҳҳое, ки ба долонҳои нақлиётии АвруОсиё дохил мешаванд, анҷом доданд.
Имзои санад дар семоҳаи 4-уми соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.
Созишнома меъёрҳои ягонаи массаҳои иҷозатдодашуда, борҳои меҳварӣ ва андозаҳои воситаҳои нақлиётро дар роҳҳои кишварҳои ИИАО, ки қисми долонҳои нақлиётии АвруОсиё мебошанд, муқаррар мекунад.
Ҷорӣ намудани стандартҳои умумӣ убури сарҳадро соддатар намуда, бехатарӣ ва самаранокии амалиёти нақлиётиро беҳтар мекунад.
ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки аъзои он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Ба Молдова, Куба ва Узбекистон мақоми нозир дода шуд.