ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб намуданд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи наслҳои наврас, яъне фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд.
“Барои кӯдакон шароити беҳтарин муҳайё созанд, то ки онҳо бесавод намонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд, дар оянда муҳтоҷи дигарон нагарданд ва Тоҷикистони азизамонро соҳибӣ карда, онро ободу пешрафта сохта тавонанд”, - қайд кард президенти кишвар.
Кишвардори Тоҷикистон ҳамзамон таъкид дошт, ки имрӯз дар зиёда аз 4000 муассисаи таълимии кишвар 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва ин нисбат ба соли таҳсили 1991-1992 800 мактаб ва 1 миллион хонанда зиёд мебошад.
Вай афзуд, ки соли равон 103 ҳазор нафар синфи 11-ро хатм карданд ва 250 ҳазор кӯдак ба синфи якум қабул шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки ҳар сол бунёди 380 мактаби нав зарур мебошад.
Президенти кишвар зимни суханрониаш ба мавзӯи аз таҳсили илму дониш ва касбу ҳунар дур мондани шумораи муайяни наврасону ҷавонон, ба хусус ҷавондухтарон таваҷҷуҳи хос зоҳир кард.
Вай таъкид дошт, ки дар ҳолати ихтиёран идома надодани таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бояд ҳатман таҳсилоти худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ, яъне литсейҳои касбии техникӣ ва коллеҷҳо идома диҳанд ва соҳибкасб шаванд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар бораи аҳамияти бо дарси сулҳ оғоз намудани соли таҳсил таъкид кард.
Президенти Тоҷикистон ҷавонони кишварро ба илм омӯхтан, соҳибкасбу забондон ва вориси шоистаи гузаштагони некном ва имрӯзиён шудан ҳидоят кард.
Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт мактаби №19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар рӯзи Дониш ва оғози тантанавии соли нави таҳсили 2024-2025 иштирок намуданд.