Мирзиёев ба муносибати Рӯзи истиқлоли Узбекистон беш аз 500 нафарро афв кард

Раисҷумҳури Узбекистон нафаронеро, ки аз кардаашон сидқан пушаймонанд ва дар роҳи ислоҳ шудан ҳастанд афв хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон қарори афви 522 зиндониро содир кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Узбекистон хабар додааст.
Тибқи қарори раисҷумҳури Узбекистон нафароне аз зиндон раҳо хоҳанд шуд, ки аз кардаашон сидқан пушаймонанд ва дар роҳи ислоҳ шудан ҳастанд.
Қайд карда шудааст, ки қарори афв ба муносибати 33-юмин солгарди истиқлоли Узбекистон имзо шудааст.
Дар руйхати афвшудаҳо, аз ҷумла, 19 шаҳрванди хориҷӣ, 56 зан, 25 марди аз 60-сола боло ва 233 ҷавон ва 27 нафаре, ки бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнӯъ зиндонӣ шудаанд, ҷой дода шудааст.
Мирзиёев дар арафаи таҷлили иди Рамазон дар Ӯзбекистон беш аз 500 зиндониро афв кард
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи апрели соли равон Шавкат Мирзиёев дар оғози моҳи Рамазон қарори афви 426 нафарро имзо карда буд.
Инчунин соли гузашта низ беш аз ҳазор нафар дар Узбекистон афв шуда буданд.