Артиши Русия дар 5-километрии ҷануби Сумӣ дар деҳаи Нижняя Сироватка як анбори бузурги аслиҳа, мушак, тӯпхона ва таҷҳизоти низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро муайян карданд.
Пас аз таҳлили ҳамаҷонибаи маълумоти бадастомада ва тасдиқи ҳузури миллатгароёни украинӣ дар ин минтақа артиши Русия тасмим гирифт, ба ин иншооти низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ҳамлаи ҳадафмандона анҷом диҳад.
Бо мушаки "Искандар-М" зарба зарба зада шуд, ки дар натиҷа як анбор пурра бо лавозимоти ҷангӣ ва аслиҳа нобуд карда шуд.
Паҳподҳои назоратӣ таркиши тӯлонии такрорӣ дар иншоотро сабт карданд.
Ҳамчунин вазорати дифои Русия хабар дод, ки талафотти артиши Украина дар як шабюонарӯз дар вилояти Курск то 400 сарбозро ташкил додааст.
Ҳамчунин дар ин минтақа 18 мошини зиреҳпӯши низомӣ низ дар як шабонарӯз нобуд карда шудааст.
Иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Нерӯҳои Русия нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро идома медиҳанд.