ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Раванди делимитатсияи сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дар марҳилаи анҷомёбист ва музокирот идома дорад.
Дар ин бора Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ изҳор дошт.
"Мо ваъда дода будем, ки мушкилтарин масъала, масъалаи марзи кишварро ҳал мекунем. Имрӯз масъалаи сарҳади давлатӣ бо Узбакистон пурра ҳал шудааст ва масъалаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон низ дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад, музокирот идома дорад", - иқтибос овардааст хабаргузории “Акипресс” аз суханронии оқои Ҷабборов.
Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад. Музокирот дар бораи аломатгузории он (муайян кардани сарҳади давлатӣ бо тавсифи гузариши он ва кашидани харита) аз моҳи декабри соли 2002 идома дорад.
Ба иттилои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар соли гузашта зиёда аз 197 километр ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 километри хати сарҳадро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки талоши Душанбею Бишкек барои муайянсозии қисматҳои номаълуми он тайи солҳои охир густариш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон ин кишвар демаркатсия ва делимитатсияи марзи худро бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя ба истиснои Тоҷикистон анҷом додааст.