ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон Қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, асосан, ба ҷумҳуриҳои Покистон, Афғонистон, Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон ва Белорус содирот шудааст.
Дар маҷмӯъ содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят ба хориҷи кишвар 27086 тоннаро ташкил дод.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар ин давра содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7290 тонна (47%) зиёд мебошад.
Мақомоти Хатлон қайд кардааст, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят дар шаш моҳи соли равон ба 15,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 банди фоизӣ афзуд.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 100 дарсад таъмин шуда, ба буҷет 1 миллиарду 643 миллион сомонӣ ворид гардид.
Ҳамчунин дар вилоят нимаи якуми сол 5 миллиону 930 ҳазор доллар сармояи хориҷӣ ворид шуд, ки 4 миллиону 126 ҳазор доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Гардиши савдои хориҷӣ ба 225 миллион доллар баробар гардид, ки аз он ҳаҷми содирот 118 млн доллар (52,3%)-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 млн доллар зиёд мебошад.
Дар ин давра дар сохтори содирот 209 ҳазор тонна маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 115,3 млн доллар содирот шудааст, ки нисбат ба соли рафта 39,5 млн доллар зиёд мебошад.