ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар қаламрави Русия 630 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доранд.
Ин оморро намояндагони идораву ниҳодҳои давлатӣ дар ҷаласаи комиссияи ҳукуматӣ оид ба сиёсати муҳоҷират таҳти раёсати муовини нахуствазир Татяна Голикова пешниҳод намуданд, менависад "Коммерсант".
"Ҳоло дар Русия ҳудуди 630 ҳазор муҳоҷир дар вазъияти ғайриқонунӣ қарор доранд - онҳо асосан ба далели вайрон кардани режими будубош, ду ва ё бештар қонуншикании маъмурӣ ё фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ ин мақомро гирифтаанд", - таъкид кардааст муовини вазири корҳои дохилӣ Александр Горовой.
Мушаххас шудааст, ки аксари муҳоҷирони ғайриқонунӣ зодагони Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки муҳоҷирати корӣ дар Русия то ҳол ба сатҳи пеш аз пандемияи COVID-19 нарасидааст.
Дар соли 2023 дар бозори кори Русия ҳудуди 3,5 миллион муҳоҷири кории хориҷӣ ҳузур доштанд, ки нисбат ба соли 2019 қариб як миллион камтар аст.