Раҳмон намояндагони касбу кори гуногунро қадрдонӣ кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супорид.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, як гуруҳи калони намояндагони фаъоли ҷомеа, кормандони касбу кори гуногун бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ саҳми кормандони дипломатӣ, аз ҷумла сафирони Тоҷикистонро дар кишварҳои олам дар роҳи таҳкиму густариши муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои хориҷ махсус таъкид намуд.
Кишвардори Тоҷикистон ба 4 нафар кормандони дипломатӣ мукофотҳои давлатӣ дод.
1 / 3
29 августа во Дворце нации Президент Республики Таджикистан, Почетный Лидер нации Эмомали Рахмон в честь 33-й годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан вручил высшие государственные награды , премии и почетные звания работникам различных профессий, добившимся похвальных результатов в своей деятельности.
2 / 3

3 / 3

Ҳамчунин раисҷумҳур барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ дар ин маросим бештар аз 200 нафар мукофотҳои давлатии Тоҷикистонро супорид.
Ҳамчунин бо фармони Президенти Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ як қатор кормандон бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
“Як нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 3 кас бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 4 кас бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 18 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 3 кас бо ордени Шараф дараҷаи 1, 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 112 кас бо медали Хизмати шоиста, 2 нафар бо медали Шафқат, 7 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд”, - хабар додааст манбаъ.
Инчунин тибқи қарори кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2024, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 6 нафар бо ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ сарфароз гардиданд.
Раҳмон фармони даъвати тирамоҳӣ ба аскариро имзо кард
Дар асоси қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техникаи Тоҷикистон дар соли 2024 2 нафар бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино қадр карда шуданд.
Тибқи қарори кумитаи Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 2024 як нафар барандаи ин ҷоизаи давлатӣ гардид.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ 12 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардид.
Дар маросими имрӯзаи мукофотсупорӣ бо ҷоизаи давлатӣ 15 нафар олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ соҳиби ҷоиза шуданд.
Дар асоси қарори Кумитаи Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли равон 7 нафар барандагони ҷоиза дар соҳаи маориф гардиданд.