Қазоқистон ният дорад тариқи Узбекистон аз НБО “Роғун” барқ бихарад

Бахши энержии Тоҷикистон ва Қазоқистон имкони техникии интиқоли нерӯи барқ тавассути шабакаҳои барқии Узбакистонро меомӯзад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Қазоқистон бо Тоҷикистон имкони хариди нерӯи барқ ​​аз нерӯгоҳи Роғунро баррасӣ карданд.
Интиқоли барқ тавассути системаи энергетикии Узбекистон сурат мегирад.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетикаи Қазоқистон хабар додааст.
Дар мулоқоте, ки дар Остона баргузор шуд, вазири энержии Қазоқистон Алмасадам Сатқалиев бо муовини нахуствазири Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ ва муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода масоили ҳамкориҳои энержиро баррасӣ карданд.
Ба гуфтаи Сатқалиев, дар назар аст, ки имкониятҳои техникӣ ва шартҳои тиҷоратии содироти эҳтимолии нерӯи барқ ​​аз НБО “Роғун”ба Қазоқистон баррасӣ шавад.
Ҷонибҳо имкони техникӣ ва реҷаҳои транзитии нерӯи барқ тавассути шабакаҳои барқии Узбакистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Илова бар ин, имкони бастани созишномаҳо бо созмонҳои манфиатдори кишварҳои Осиёи Марказӣ барои танзими гардиши ғайринақшавии нерӯи барқ ​​байни системаҳои энергетикии кишварҳои ҳамсоя омӯхта мешавад.
“Обовард”: Тарҳи ҳафт нерӯгоҳи ҷадид дар идомаи “Роғун”
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон ёддошти тафоҳум дар бораи интиқоли нерӯи барқи тавлиди ҶСК "НБО Роғун" дар солҳои 2023-2032 ба имзо расида буд.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар 110-километрии шарқи Душанбе ҷойгир буда, бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки тарҳи техникии он дар замони шӯравӣ таҳия шуда буд, соли 2016 оғоз ёфт.
Моҳи ноябри соли 2018 агрегати якуми иншоот ба истифода дода шуд, агрегати дуюм моҳи сентябри соли 2019 ба кор даромад. Дар маҷмӯъ насби 6 чарха ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори лоиҳавии ҳар кадоми онҳо 600 МВт мебошад.