Муттаҳами боз панҷ нафари нав дар парвандаи “Крокус”

Боз панҷ нафари дигар дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл”, ки қаблан дар бораи онҳо маълумоте набуд, бо 5 моддаи ҷиноӣ муттаҳам шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Панҷ муттаҳаме, ки дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” ба Маскав оварда шудаанд, бо панҷ моддаи ҷиноӣ муттаҳам мешаванд, хабар медиҳад РИА “Новости” дар истинод ба додгоҳи Басманий шаҳри Маскав.
Имрӯз додгоҳи Басмании шаҳри Маскав мӯҳлати ҳабси панҷ боздоштшудаи навро тамдид кард.
Қаблан ин панҷ нафар зикр нашуда буданд, вале қаблан хабар дода шуда буд, ки дар минтақаҳои гуногуни Русия муттаҳамон дар парвандаи “маблағгузорӣ ва таъмини воситаҳои террористӣ ба омилони ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” дастгир карда шуданд, ки онҳо низ қасд доштанд дар Каспийск ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд.
Як муттаҳам дар ҳамла ба Крокус қисман гуноҳашро эътироф кард

Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл

Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.
Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Тамдиди муҳлати ҳабси се тоҷики дигар, ки дар ҳамлаи “Крокус” гумонбар дониста мешаванд
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.