Душанбеву Боку афзоиши боркашонӣ тавассути Долони нақлиётии Миёнаро баррасӣ карданд

Сафири Тоҷикистон дар Боку бо вазири рушди рақамӣ ва нақлиёти Озарбойҷон дар бораи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои соҳавии дуҷониба табодули афкор намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар шаҳри Боку вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо вазири рушди рақамӣ ва нақлиёти Озарбойҷон Рашад Набиев сурат гирифт.
Дар ин бора вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Баи иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар бахши татбиқи ҳукумати электронӣ ва технологияҳои рақамӣ, ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо дар доираи коммуникатсияҳои минтақавии нақлиётӣ, аз ҷумла афзоиши боркашонӣ тавассути Долони нақлиётии Миёна баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин тарафҳо зимни дидор масъалаи барқарорсозии парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Боку-Душанберо баррасӣ намуданд.
Саудӣ хостори парвозҳои мустақим ба Хатлон шуд
Инчунин сафири Тоҷикистон ба вазири озарӣ дар бораи иштироки намояндагони бахши соҳавии Тоҷикистон дар иҷлоси 29 Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Боку табодули назар карданд.
“Роҷеъ ба дигар масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои соҳавии дуҷониба миёни Тоҷикистону Озарбойҷон табодули афкор сурат гирифт”, - таъкид кардааст вазорати хориҷа.
Ёдовар мешавем, ки 20 феврали соли равон сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо иҷрокунандаи вазифаи президенти ҶСП “Azerbaijan Airlines” Самир Рзаев дидору мулоқот карда буд.
Зимни мулоқот барқарор намудани парвозҳо дар хатсайри Боку-Душанбе-Боку баррасӣ карда буд.