ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Аз 22 то 28 августи соли 2024 дар шаҳри Тирмиз вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории назди Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ корҳои муштарак дар бораи мувофиқаи гузариши хати лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон идома ёфтанд.
Қайд карда шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои созанда, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид.
Ҳамчунин иттилоъ дода шудааст, ки аз натиҷаи чорабинӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вазорати умури хориҷаи кишвар илова кардааст, ки вохӯрии навбатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон, Ориф Хоҷазода изҳор дошта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.
Маврид ба зикр аст, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв дар Ӯзбекистон ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 равобит миёни ду кишвар беҳбуд ёфта, дар масъалаи аломатгузории марз низ пешрафтҳо ҳосил шудаанд.
Аз ҷумла бинобар асоси созиши ду кишвари ҳамсоя, аз обанбори “Фарҳод” барои як муддати тӯлонӣ якҷоя истифода мекунанд.
Хоҷазода дар мавриди обанбори “Фарҳод” изҳор дошта буд, ки байни ду давлат шартнома вуҷуд дорад ва ягон баҳс дар миён нест.