ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тоҷикистон омодагиҳо ба даъвати навбатии тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ оғоз мегардад.
Фармони дахлдорро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27-уми август имзо кард.
Тибқи ин санад, аскароне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда мешавад.
Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи артиш даъват мешавад.
Вазорати дифоъ, раисони комиссияи даъватии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат амалӣ намоянд.
Раисони шаҳру ноҳияҳо муваззаф шудаанд, ки якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ бо дарки масъулият даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи телевизион ва радио омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ тарғиб менмоянд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаззаф шудааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.