Тоҷикистон ба Қазоқистон 500 млн метри мукааб об дод

Вазорати захираҳои об ва обёрии Қазоқистон таъкид кардааст, ки "ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи мудирият ва ҳифзи захоири об дар маркази таваҷҷуҳ боқӣ мондааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тоҷикистон барои обёрии заминҳои кишоварзӣ ба Қазоқистон ҳудуди 500 млн метри мукааб об фиристод.
Дар ин бора Вазорати захираҳои об ва обёрии Қазоқистон хабар дода афзуд, ки дар қиёс ба соли гузашта Тоҷикистон 40 млн метри мукааб бештар об ба Қазоқистон додааст.
"Аз 1 июни соли равон Тоҷикистон ба Қазоқистон тавассути канали байнидавлатии "Достик" 488,6 млн метри мукааб об фиристод. Ин рақам нисбат ба соли гузашта 40 млн ва аз ҳаҷми пешбинишуда дар соли равон 45 млн метр мукааб зиёд аст", - омадаасат дар хабари Вазорат.
Ба гуфтаи Нурҷон Нуржигитов, вазири захираҳои об ва обёрии Қазоқистон, Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои Қазоқистон шарики муҳим боқӣ мемонад.
"Аз ин рӯ, мо ба кори муштарак дар масъалаи идоракунии захираҳои об ва ҳифзи захираҳои об таваҷҷуҳи зиёд медиҳем", - қайд кард вазир.
Сирдарё ва Амударёро камобӣ таҳдид мекунад: нигаронии Узбекистон
Зимнан, Ӯзбекистон низ аз 1 апрели соли рвон ба Қазоқистон 4 млрд метри мукааб об фиристод.
Қаблан Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии оби Осиёи Марказӣ зимни як гузориш таъкид намуд, ки таъмини об дар минтақа бо назардошти афзоиши иқтисоди кишварҳо то соли 2040 метавонад қариб 25% коҳиш ёфта, то 1,5 ҳазор метри мукааб бар сари ҳар одам кам шавад.