Русия метавонад бақайдгирии гиёҳҳои шифобахшро дар ҳудуди ИИАО содатар кунад

Ба Вазорати тандурустии Русия тавсия дода мешавад, ки ба Феҳристи давлатӣ навъҳо ва гибридҳои растаниҳоеро дохил кунад, ки дар асоси онҳо доруҳои тиббӣ истеҳсол мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Шӯрои Федератсия ба Вазорати кишоварзии Русия пешниҳод кардааст, ки сабти номи гиёҳҳои шифобахшро дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) соддатар кунад.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба раиси Кумитаи сиёсати кишоварзӣ ва озуқаворӣ ва идоракунии муҳити зист Александр Двойних хабар дод.
Вай тавзеҳ дод, ки сухан дар бораи ба Феҳристи давлатӣ ворид кардани навъҳо ва гибридҳои растанӣ меравад, ки дар асоси онҳо доруҳо эҷод мешаванд.
Бақайдгирии доруҳои дорои аҳамияти махсус дар кишварҳои ИИАО содда карда мешавад
"Дар пайи ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ, кумита қарореро тасвиб кард, ки дар он тавсияҳо ба Вазорати кишоварзии Русия дарҷ шудааст", - гуфт Двойних.
Илова бар ин, кумита тавсия медиҳад, ки истеҳсоли равғани эфир ва парвариши растаниҳои шифобахш ба рӯйхати зерсоҳаҳои афзалиятноки комплекси агросаноатӣ дохил карда, дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони кишоварзӣ таъмин карда шавад.
Ҳамзамон, зарур аст, ки барои пурзӯр кардани назорат аз болои риояи талабот оид ба сифат ва пешгирии қалбакии чунин доруҳо чораҳои иловагӣ андешида шаванд, афзуд раиси кумита.