Роҳҳои Тоҷикистон навсозӣ мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ФАМР музокирот анҷом дод, ки дар он масъалаи бунёди долонҳои зиддитармавӣ ва нақбҳо дар қитъаҳои осебпазири роҳҳо баррасӣ шуд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд барои навсозии ҷоддаҳои асосии Тоҷикистон маблағ ҷудо мекунад.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд.
Тибқи иттилои расмӣ, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд музокирот анҷом дода, дар он масъалаи бунёди долонҳои зиддитармавӣ ва нақбҳо дар қитъаҳои осебпазири роҳҳо баррасӣ шудааст.
Аз ҷумла, сухан дар бораи роҳҳои самти Хуҷанд – Конибодом, Гулистон – Кӯлоб, Гулистон – Фархор, Гулистон – Данғара, Ховалинг – Сангвор ва Балҷувон – Сари-Хосор меравад.
Бо саҳми муҳоҷирони Русия: роҳи Басманда - деҳаи қадимии Суғд мумфарш шуд – видео
Ёдовар мешавем, ки феълан дар Тоҷикистон 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,1 млрд доллар амалӣ мешавад.
Тибқи нақша кор дар хатсайрҳои Обигарм – Нуробод, Душанбе – Бохтар, Душанбе – Кулма, Қизилқалъа – Бохтар ва ғайра идома дорад.
Илова бар ин, дар доираи созишномаи Тоҷикистону Эрон сохтмони навбати дуюми нақби "Истиқлол" идома дорад.