ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон зуҳри рӯзи 27 август заминҷунбии қавӣ рух дод. Маркази зилзиласанҷии Ӯзбекистон марказашро Ҷумҳурии Афғонистон гуфт ва шиддати онро 5 дараҷаӣ арзёбӣ кард.
Зимнан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон низ ин офати табииро шарҳ дода, афзуд, ки заминҷунбӣ соати 12:29 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух дод.
"Маркази заминларза 32 километр шимолу-шарқӣ аз шаҳри Хоруғи ВМКБ буда, қувваи заминларза дар марказаш 5 балл ва дар шаҳри Хоруғ 3-4 баллро ташкил додааст", - хабар дод сухангӯи ин Кумита ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои ӯ, заминҷунбӣ дар шаҳри Хоруғ ва тамоми қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар пай талафоти ҷонӣ ва молиро надошт.
Бояд гуфт, заминҷунбӣ дар умқи 117 километр будааст.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи таҳлилҳои мутахассисон Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ОМ аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар он ҳамвора зилзилаҳои қувваҳои гуногун ба амал меоянд.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи таҳлилҳои мутахассисон Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ОМ аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар он ҳамвора зилзилаҳои қувваҳои гуногун ба амал меоянд.