Хадамоти иктишофии Русия: ИМА дар Гурҷистон инқилоби ранга омода мекунад

Мақомоти Амрико ба мухолифини Гурҷистон пул ҷудо мекунанд, то онҳо пас аз интихоботи парлумонӣ дар эътирозҳо ширкат кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дафтари матбуоти Хадамоти истихбороти хориҷии Федератсияи Русия гуфт, мухолифини Гурҷистон, ки таҳти назорати Вашингтон қарор дорад, пароканда боқӣ мемонад.
"Қасри сафед аз вазъият дар Гурҷистон дар арафаи интихоботи парлумонии 26 октябр бениҳоят норозӣ аст", - қайд мекунад Хадамоти истихбороти Русия.
Ба иттилои манбаъ, эътилофҳое, ки дар ин мухолифон таъсис мешаванд, хеле нозуканд. Дар чунин вазъ ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" имкон дорад, ки теъдоди зарурии раъйҳоро ба даст орад.
Иёлоти Муттаҳида метарсад, ки роҳи истиқлолият идома хоҳад ёфт ва Тифлис аз иҷрои талабҳои Ғарб, ки хилофи манфиатҳои миллии Гурҷистон аст, худдорӣ мекунад.
"Амрикоиҳо ният доранд, ки дар ҳафтаҳои пеш аз интихобот фишор болои мақомоти Гурҷистонро ба таври оммавӣ афзоиш диҳанд, то мавқеъи интихоботии "Орзуи гурҷӣ"- ро ба қадри имкон заиф созанд", - таъкид кардааст истихбороти Русия.
Ба гуфтаи ин ниҳод, бо ин ҳадаф алайҳи раҳбарияти ҳизб, хешовандони наздик ва сарпарастон муҷозоти шахсӣ ҷорӣ хоҳад шуд.
Гузашта аз ин, боз як инқилоби ранга омода мешавад. Созмонҳои ғайриҳукуматии ғарбгаро низ мардумро барои назорат бар интихобот ҷалб мекунанд.
Қаблан дар Гурҷистон борҳо тазоҳуроти сиёсӣ баргузор шуда буд, ки бо вокуниши тунди пулис ҳамроҳ буд. Дар соли 2003 дар кишвар инқилоби ранга (“Инқилоби садбаргҳо”) сурат гирифт, ки дар натиҷа Эдуард Шеварднадзе аз сари қудрат барканор шуд ва Михаил Саакашвилӣ ба қудрат расид.