Дар Душанбе ҳунармандони "Қазоқконсерт"-и ба номи Роза Багланова дар назди сокинону мехмонони пойтахт баромад карданд.
Чорабинӣ дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар Тоҷикистон, ба муносибати сафари раисиҷумҳур Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Барномаи консертӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ доир гарлил.
Ҳунармандон барои меҳмонон сурудҳои халқии қазоқӣ иҷро карда, асархои инструменталӣ ва рақсҳои оташинро намоиш доданд.
Илова бар ин, асари оҳангсози маъруф Шарофиддин Сайфидинов бо номи "Кишвари ман Тоҷикистон аст", ки соли 2004 навишта шудааст, иҷро гардид.
Тавре созмондиҳандагон қайд карданд, барномаи ҳунарӣ ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории Қазоқистону Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Тасвирҳои ҷолибтаринро хабарнигори Sputnik Тоҷикистон сабт кардааст.