ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Нишасти муштараки гардишгарии Эрону Тоҷикистон дар маҳали сафорати Тоҷикистон дар Эрон бо ҳузури фаъолони гардишгарии ду кишвар баргузор шуд.
Дар ин нишаст, Мустафо Фотимӣ, мудири кулли гардишгарии дохилии вазорати мероси фарҳангии Эрон гуфт, тавсеаи гардишгарии адабӣ яке аз аҳдофи мост.
"Рӯйдоди бузурги гардишгарии адабиро дар моҳи май барномарезӣ мекунем, умедворем, ки Тоҷикистон дар ин барнома ҳамкорӣ кунад”, - гуфт ӯ.
Дар ин барномаи Нирӣ аз шаҳрдории Шероз эъломи омодагӣ кард, ки ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Шероз баргузор шавад.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 10 августи соли равон Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ мавриди амал қарор гирифт.
Дар асоси ин Ёддошти тафоҳум дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бе раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд.
Низоми бераводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне амалӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.