Таҷлили Иди тарбуз, харбуза ва каду дар Душанбе

Дар ин рӯз кишоварзони ҷумҳурӣ навъҳои гуногуни каду, тарбуз, харбуза ва маҳсулоти кишоварзӣ, ба фурӯш гузошта мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду доир шуд
Таъкид шудааст, ки иди мазкур бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз баргузор мешавад.
Дар он кишоварзони ноҳияҳои атрофи шаҳр ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуда, навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза ва кадуро ба намоиш-фурӯш гузоштанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар ин рӯз намоиш ва фурӯши навъҳои гуногуни каду, тарбуз, харбуза ва маҳсулоти кишоварзӣ, ба фурӯш гузошта мешаванд.
Инчунин дар ин рӯз намоиши хӯрокҳои аз ин маҳсулот омодашуда, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон, намоиши навъҳои дастовардҳои илмӣ, қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа ташкил карда мешавад.
Дар Душанбе нимпайкараи шоири қазоқ Абай Кунанбоев гузошта шуд - видео
Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, яке аз мақсадҳои асосии ин ид ба ҳам овардани кишоварзони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва мубодилаи таҷрибаи якдигар дар парвариши ин маҳсулоти полезӣ мебошад.
Дар мамлакат имсол баргузории зиёда аз 30 фестивалу намоиш ба нақша гирифта шуда, таҷлили ин гуна идҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёд гардидани маҳсулот дар бозорҳои мамлакат мусоидат намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас мегузорад.