ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Бо фармони Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Узбекистон ба Нигина Амонқулова - солисти ансамбли "Дарё"-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон унвони фахрии ҳунарпешаи халқии Узбекистон дода шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Узбекистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин унвон барои хизматҳои барҷаста дар таҳкими истиқлолияти Ватан, татбиқи босамари ислоҳоти васеъмиқёс дар самти сохтмони Ӯзбекистони нав, истеъдоди барҷаста, фаъолияти серсоҳаи эҷодӣ ва илмию амалӣ ба баланд бардоштани маърифати маънавии халқ, рушди соҳаҳои илм нигаронида шудааст.
Ҳамчунин ин унвон барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ, инчунин иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ дода шудааст.
Нигина Амонқулова яке аз овозхонҳои маъруфи Тоҷикистон аст, ки дар байни ҳунармандон бо либоспӯшии махсуси тоҷиконааш дар саҳна фарқ мекунад. Ин ҳунарманд пас аз як баромади худ дар "Андалеб" ба саҳна роҳ ёфт ва мавқеи худро низ пайдо карда тавонист.
Имрӯз Нигина Амонқулова, яке аз ситораҳои шоу-бизнеси ва эстрадаи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Нигина зодаи шаҳри Панҷакент аст ва аз соли 2007 инҷониб дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунад.