ИИАО ва АМА ба имзои созишномаи шарикии иқтисодӣ наздик шуданд

Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Аморати Муттаҳидаи Араб музокиротро дар бораи созишномаи шарикии иқтисодӣ ба наздикӣ ба анҷом мерасонанд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Аморати Муттаҳидаи Араб қарор аст созишномаи шарикии иқтисодӣ ба имзо расонанд. Музокирот дар ин бора ба наздикӣ ба анҷом мерасад.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ ахиран дар ин бора мулоқоти ҳайъати Комиссия дар симои Андрей Слепнев ва вазири давлатии тиҷорати хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Тани бин Аҳмад Ал Зейудӣ сурат гирифт.
"Дар рафти мулоқот масъалаҳои асосии музокирот дар бораи бастани созишномаи шарикии иқтисодӣ байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва АМА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки ҳалли онҳо ба ҳарчи зудтар анҷом ёфтани раванди гуфтушунид мусоидат хоҳад кард", - қайд кард Андрей Слепнев.
Дар давоми 10 сол гардиши савдо дар дохили ИИАО ба 87,5 миллиард доллар расид
Қарор дар бораи оғози музокирот бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё қабул шудааст. То имрӯз се даври гуфтушунид баргузор гардид. Интизор меравад, ки даври навбатии музокирот моҳи сентябри соли 2024 баргузор шавад.
Тавре Вазорати рушди иқтисоди Русия хабар додааст, ин санад аз ҷумла масъалаҳои либерализатсияи тарифҳо, ҳамкориҳои гумрукӣ ва саноатӣ, тиҷорати электронӣ ва моликияти зеҳнӣ ва чораҳои ҳифзи тиҷоратро танзим мекунад.
ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки аъзои он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Ба Молдова, Куба ва Узбекистон мақоми нозир дода шуд.