Гела Шекиладзе роҳбарии тими миллии Тоҷикистонро идома медиҳад

Мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе фаъолияташро ба ҳайси сармурабии тими миллии Тоҷикистон идома медиҳад. Шартномаи ҳамкорӣ тамдид шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи ҳамкориро бо мутахассиси гурҷӣ-белгиягӣ Гела Шекиладзе тамдид кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
"Ман аз роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои эътимодашон миннатдорам. Мо омодагиро ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 моҳи сентябр дар Малайзия бо ширкат дар мусобиқа шуруъ мекунем”, - гуфт ӯ.
Шекиладзе қайд кард, ки дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи октябр тими миллии Тоҷикистон дар Тайланд дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок меварзад.
“Ҳамчунин дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи ноябр вохӯриҳои санҷишӣ ба нақша гирифта шудаанд. Мо ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 ҷиддӣ омода хоҳем шуд, чунки назди даста вазифа гузошта шудааст, то ба қисми ниҳоии чемпионати Осиё роҳ ёбад", – афзуд Гела Шекиладзе, сармураббии тими миллии Тоҷикистон.
Мутахассиси 53-сола аз моҳи феврали соли ҷорӣ тими миллии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад. Шекиладзе вазифадор шудааст, ки дастаро ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 барорад.
Ҷашнвораҳои футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна гузаштанд - аксҳо
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли равон Гела Шекиладзе мутахассиси 53 солаи гурҷӣ ба вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон таъин шуд.
Номбурда қаблан вазифаи ёвари сармураббии тими миллии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.
Гела Шекиладзе қаблан ба ҳайси ҳимоятгар дар дастаҳои "Динамо-Батуми" (Гурҷистон), "Лйерс" (Белгия), "Руселаре" (Белгия), "Арсенал" (Украина) ва ССКА (Украина) бозӣ кардааст. Ӯ ҳамчунин дар ҳайати тими миллии кишвараш 22 бозӣ анҷом додааст.
Шекиладзе аз соли 2007 то 2011 ба ҳайси сармурабби дастаҳои миллии Гурҷистон аз қабили U-15, U-16, U-19 ва U-21 фаъолият намудааст.
Ҳамчунин, вай ёвари сармураббӣ Петр Сегрт дар тимҳои миллии Гурҷистон, Афғонистон, Молдив ва Тоҷикистон буд.
Гела Шекиладзе дорои иҷозатномаи мураббигии категорияи "Pro"-и УЕФА мебошад.