ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Вазорати дифои Русия ахиран хабар дод, ки аз рӯзи аввали набард то имрӯз дар самти Курск нерӯҳои украинӣ беш аз 5,5 ҳазор низомии худро аз даст доданд.
"Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни набардҳо дар самти Курск душман талафот дод: беш аз 5500 сарбоз, 71 танк, 30 худрави зиреҳпуши пиёданизом, 57 нафарбаи зиреҳпӯш, 372 мошини зиреҳпӯш", - хабар додааст вазорати дифоъ.
Илова бар ин, Киев дар ин муддат 170 мошин, 36 тӯпхона, панҷ системаи мушакии зиддиҳавоӣ, 11 системаҳои чандгонаи мушакандоз, аз ҷумла се HIMARS ва MLRS, ҳафт истгоҳи ҷанги электронӣ, радарҳо, ва ғайра аз даст дод.
"Амалиёти нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад", - таъкид кард вазорати дифои Русия.
Ахиран Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар яке аз қароргоҳҳои фармондеҳии вазорати дифоъ бо раҳбарияти Гурӯҳи муштараки нерӯҳои мусаллаҳ мулоқот кард.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии Кремл, Сарфармондеҳи олӣ гузориши сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов ва сардори Сарраёсати амалиёти Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Сергей Рудскийро гӯш кард.
Иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Нерӯҳои Русия нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро идома медиҳанд.