ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо раисҷумҳурии Қазоқистон, Қосим -Ҷомарт Тоқаев, ки бо сафари давлатӣ дар ҷумҳурӣ қарор дорад, мулоқот кард.
Бар хабари расонаҳои он кишвар, Тоқаев зимни мулоқот бо Расулзода барои мусоидат дар баргузории форуми тиҷоратӣ дар сатҳи баланд, ки дар он ба маблағи беш аз $1млрд қарордодҳо ба имзо расидаанд, изҳори сипос кард.
Расулзода низ изҳор дошт, ки Қазоқистон барои Тоҷикистон шарики хеле муҳими тиҷоратӣ мебошад.
Сарвазири Тоҷикистон аз равобити фаъоли мутақобилан судманди кишварҳо дар солҳои ахир таъкид кард. Ин равандро кишвардори Қазоқистон низ таъйид кард ва гуфт:
"Мо дирӯз ба мувофиқа расидем, ки ҳаҷми муомилоти молро то $2 млрд хоҳем расонд".
Дар идома Расулзода таъкид кард, ки Қазоқистон солҳои тӯлонӣ дар гардиши савдои хориҷӣ яке аз мавқеъҳои калидиро ишғол мекунад ва вазифаи ба $2 млрд расондани ҳаҷми муомилоти молӣ комилан қобили иҷро аст.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев бо як сафари давлатӣ вориди Душанбе шуд.
Зимни сафар музокироти сатҳи олӣ дар доираи маҳдуд ва дар ҳайати васеъи ҳукуматии ду кишвар сурат гирифт. Як қатор санадҳои дуҷониба ба имзо расиданд, ки ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарӣ нигаронида шудаанд.