Собиқадорони тоҷикро низомиёни пойгоҳи 201 бо солгарди муҳорибаи Курск табрик карданд

Нерӯҳои низомии Русия ба собиқадорони муҳорибаи Курск тӯҳфаҳои хотиравӣ ва бастаҳои ғизоӣ тақдим карданд
Sputnik
Нерӯҳои низомии Русия дар Тоҷикистон собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро ба муносибати 81-умин солгарди пирӯзӣ дар ҷанги Курск табрик карданд.
Сарбозони пойгоҳи низомии 201-и мустақар дар Тоҷикистон дар рӯзи шикасти ниҳоии истилогарони фашистӣ аз ҷониби нерӯҳои шӯравӣ дар Курск аз иштирокчиёни ҷанг дидан карданд.
Хизматчиёни ҳарбӣ ба собиқадорон туҳфаҳои хотиравӣ ва бастаҳои хӯрокворӣ тақдим намуданд.
Яке аз собиқадорони тоҷик Мухтор Заргаров соли 1924 таваллуд шудааст. Баробари 18-сола шуданаш — соли 1942 ихтиёран ба фронт рафт.
Сафорати Русия дар Душанбе собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро табрик кард – видео
Ҷавон дар муҳорибаҳои Курск, инчунин дар амалиёти ҷангӣ дар Белорус, Украина ва Лаҳистон ҳамчун пулемётчӣ иштирок кардааст.
Заргаров дар шахри Кенигсберг (Калининград) иди ғалабаро қайд кард.
Собиқадори дигар Файзалиев Сафаралӣ соли таваллудаш 1923. Вай дар синни 18-солагй дар полки 229-уми ордени Байрақи Сурх, ки дар ҳайати Фронти Украина буд, ба хизмат шурӯъ намуд.
Дар муҳорибаҳои Курск, Воронеж, Киев ва дигар шаҳрҳо иштирок кардааст. Барои хизмати ҳарбӣ бо ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II мукофотонида шудааст.