ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Муовини вазири умури хориҷии Русия Александр Панкин ба маҷаллаи “Зиндагии байналмилалӣ” гуфт, ки сиёсати муҳоҷиратӣ дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бознигарӣ намешавад.
"Не, мо дар ин самт ягон таҷдиди назар ё тағирот нахоҳем дошт", - гуфт муовини вазир.
Вай таъкид кард, ки барои шаҳрвандони иттиҳодия низоми соддаи будубош, пешбинӣ шудааст.
“Яъне, ҳар як муҳоҷир дар тамоми фазои панҷ кишвар як чизро эҳсос карда метавонад, чизи дигар ин аст, ки мафҳуми амният вуҷуд дорад ва ҳар як кишвар барои таъмини амнияти худ, хоҳ омилҳои беруна ва хоҳ дохилӣ, масъалаҳои хоси худро дорад. Пурзур кардани назорат бар ҳаракати муҳоҷирони корӣ комилан хилофи ӯҳдадориҳои мо ва қонунгузории миллӣ нест”, - афзуд Панкин.
Дар посух ба савол дар бораи ҳамкории ИИАО ва Чин, ӯ қайд кард, ки "ҳузури Чин дар ин фазо бешубҳа таҳким ва афзоиш меёбад, аммо ин ба ҳеҷ ваҷҳ мухолифи манфиатҳои ин кишварҳо ва иттиҳоди мо нест".
Вай ёдовар шуд, ки Иттиҳодия ва Чин дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ созишнома доранд, инчунин комиссияи муштарак дорад, ки дар доираи он ҳамкориҳои соҳавӣ ва ғояҳои лоиҳаҳои нав баррасӣ мешаванд.