ДУШАНБЕ, 21 авг – Sputnik. Раёсати ВКД -и шаҳри Душанбе ронандаҳоро аз муваққатан маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар бархе аз кӯчаҳои пойтахт хабардор кард.
Ба иттилои манбаъ, санаи 22 авгуфти соли равон, аз соати 09:00 то соати 14:00, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассуи кӯчаҳои Мастонгулов (Фурудгоҳ), А.Дониш, С.Айнӣ (Садбарг), хиёбони Рӯдакӣ ва Сомонӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Инчунин, санаи 23 август соли 2024 низ аз соати 11:30 то соати 14:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути хиёбони Рӯдакӣ, Сомонӣ, кӯчаҳои Сино, С.Айнӣ (Садбарг) А.Дониш ва Мастонгулов (Фурудгоҳ) муваққатан маҳдуд мегардад.
Роҳбандӣ дар Душанбе
© Sputnik
Раёсати ВКД-и пойтахт аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки аз роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ҳамшафат истифода намуда, аз таваққуфи нодуруст дар кӯчаҳои мазкур низ худдорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Қазоқистон рӯзҳои 22-23 августи соли ҷорӣ бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.
Ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии кишвар, ташрифи кишвардори Қазоқистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон сурат хоҳад гирифт.
Гуфта мешавад, ки дар доираи сафар музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар шакли маҳдуд ва васеъ бо шумули ҳайатҳои ҳукуматӣ доир мешавад.
"Барои имзо бастаи калони ҳуҷҷатҳо омода карда шудааст, ки ҳуҷҷати асосии онҳо Шартнома оид ба муносибатҳои иттифоқӣ хоҳад буд",- афзудааст манбаъ.
Роҳбарони давлатҳо ҳамчунин дар консерти тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
Дар барномаи сафари президенти Қазоқистон ҳамзамон мулоқот бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҳмадтоир Зокирзода ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешбинӣ шудааст.