Ба буҷа зарар мерасонанд: Нигаронии мақомоти андоз аз фаъолияти ширкатҳои якрӯза

Масъулони Идораи андоз дар вилояти Суғд аз моликони ширкатҳои истеҳсолкунанда даъват доранд, ки аз ҳамкорӣ бо ширкатҳои якрӯза каноргирӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 авг – Sputnik. Абдуқайюм Воҳидзода, сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд гуфт, вақтҳои охир зиёд ширкатҳои якрӯза фаъол шудаанд, вале муайянкунии шаффофияти кори онҳо душвор боқӣ мондааст.
Аз ин лиҳоз ин масъули идораи андоз аз ширкатҳои истеҳсолкунанда тақозо намуд, ки харидуфурӯши молро тавассути ширкатҳо бо номи худ амалӣ кунанд.
“Соҳибкороне, ки бо ширкатҳои як рӯза кор мегиранд, дарк намекунанд, ки бо ин амалашон чандин миллион сомонии буҷаро тавассути дигарон кам мекунанд” – изҳор намуд, сардори Идораи андоз.
Абдуқайюм Воҳидзода, як далели ношаффофи фаъолияти чунин ширкатҳоро аз харидуфурӯши моли амалан вориднашуда арзёбӣ кард, ки ин кор барои ба даст овардани фоидаи муфт ва пинҳон доштани маблағҳои андозӣ тавассути ҳисобфактураҳои қалбакӣ сурат мегирад.
Ширкати чинӣ дар шаҳри Хуҷанд маркази гармидиҳӣ ва корхонаи коркарди партов месозад
Ин мақомдори андоз дар бораи миллионҳо сомонӣ гуфт, ки аз ҳисоби фаъолияти ширкатҳои як рӯза ҳисоб шудааст, аммо аз моликони чунин ширкатҳо ва ё соҳибкорон ном набурд.
Дар Идораи андози Суғд гуфтанд, ки пешгирӣ аз фаъолияти ширкатҳои муфтхури як рӯза, ҳоло дар назди Кумитаи андоз раванди истифодаи анбори виртуалӣ ба роҳ монда шудааст, ки артикли мол ва ҳисобфактураҳои молу маҳсулоте, ки амалан воридот карда нашудааст гирифта шавад.
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 1093 ширкат ва соҳибкор ба феҳристи андозсупорандагони бемасъулият шомил шуда дар ин давра 943 ҳолат аз ин феҳрист хориҷ карда шудаанд.
Ба ин тартиб то кунун 220 ширкат дар феҳристи андозсупорандагони бемасъулият ё “руйхати сиёҳ барои андозсупорандагон” боқӣ мондаанд.
Таъсири як корхона: ду шаҳру ноҳияи Суғд нақшаи андозро иҷро карда натавонистанд
Бино ба масъулин давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд ҳамкории 84 ширкату соҳибкор бо ширкатҳои 1- рӯза сабт шудааст. Аз ин теъдод фаъолияти 16 ширкати бузург мавриди санҷиш қарор гирифта, барои дараҷаи айбдорӣ мавод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол карда шудааст.
Мақомоти андоз мегуяд, то даме, ки ширкатҳои истеҳсолӣ амал мекунанд, эҳтиёҷ ба корбарии ширкатҳои як рӯза ҳаст, вале дар ҳама кору амалиётҳо шаффофият бояд нигоҳ дошта шавад.