Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Алоуддинов: Артиши Русия роҳҳои логистикии нерӯҳои украиниро дар Курск назорат доранд

Генерали рус Апти Алоуддинов хабар дод, ки артиши Русия роҳҳои логистикии нерӯҳои украиниро, ки ба вилояти Курски Русия ҳамла кардаанд, таҳти назорат гирифт.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Артиши Русия масирҳои логистикии Қувваҳои мусаллаҳи Украинаро дар самти Курск назорат дорад, гуфт генерал Апти Алоуддинов, муовини сардори Сарраёсати ҳарбию сиёсии Вазорати дифои Русия.
"Онҳо (артиши Украина) дар бархе минтақаҳо боздошта шудаанд, ки барояшон чандон фоидаовар нахоҳад буд... Мо дар ҳоли ҳозир логистикаи душманро зери назорат гирифтаем ва ӯ дар масирҳои логистикӣ ҳар рӯз талафоти бузург дорад", - гуфт Алоуддинов дар шабакаи телевизионии "Россия 1".
Валерий Герасимов, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия гуфт, соати 5:30-и субҳи 6 август нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо ҳадафи тасарруфи қаламрави Русия ба вилояти Курск ҳамла карданд ва пешравии онҳо давому ду-се рӯз дафъ карда шуд. Вай таъкид кард, ки амалиёт дар вилояти Курск бо шикасти душман ва бозгашт ба марзи давлатӣ анҷом мешавад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Алихонов гуфт, ки амалиёти вижа чашми тамоми ҷаҳонро ба аслиҳаи Русия ҷазб кард
Тавре вазорати дифои Русия рӯзи 19 август хабар дод, дар ҷараёни набардҳо дар самти Курск нерӯҳои мусаллаҳи Украина то 3,8 ҳазор нафар низомиён ва 54 танкро аз даст додаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран вазорати дифои Русия эълон кард, ки артиш рустои Новгородскоеро дар Ҷумҳурии мардумии Донетск озод карданд.
"Дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои гурӯҳи марказӣ як гурӯҳи калони сарбозони душманро шикаст дода шуда, яке аз калонтарин шаҳракҳои минтақаи Торетск ва маркази муҳими стратегии логистикии Новгородро озод карданд", - хабар дод вазорат.