Тоқаев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд

Тибқи гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафари Тоқаев ба Душанбе пурмуҳтаво буда, дар доираи он чорабиниҳои зиёди иқтисодиву фарҳангӣ доир мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.
Боздиди Қосимҷомарт Тоқаев аз Душанбе қарор аст, ки рӯзҳои 22-23 августи соли ҷорӣ сурат гирад.
Ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии кишвар, ташрифи кишвардори Қазоқистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон сурат хоҳад гирифт.
Гуфта мешавад, ки дар доираи сафар музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар шакли маҳдуд ва васеъ бо шумули ҳайатҳои ҳукуматӣ доир мешавад.
"Барои имзо бастаи калони ҳуҷҷатҳо омода карда шудааст, ки ҳуҷҷати асосии онҳо Шартнома оид ба муносибатҳои иттифоқӣ хоҳад буд",- афзудааст манбаъ.
Роҳбарони давлатҳо ҳамчунин дар консерти тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
Дар барномаи сафари президенти Қазоқистон ҳамзамон мулоқот бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҳмадтоир Зокирзода ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешбинӣ шудааст.
Тоҷикистону Қазоқистон ба имзои Харитаи роҳ барои афзоиши гардиши мол омода мешаванд
ВКХ мегӯяд, дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон чунин чорабиниҳои дуҷонибаи канорӣ, аз қабили форуми тиҷоратӣ, конференсияи олимон, форуми занон, форуми ҷавонон, рӯзҳои синамои қазоқ, намоишгоҳи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии Қазоқистон, консертҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд баргузор мегарданд.
Ҳамзамон қарор аст, ки маросими ифтитоҳи нимпайкараи Абай Қунанбоев дар шаҳри Душанбе доир шавад.