Дар Русия тарҳи қонуне баррасӣ мешавад, ки ба муҳоҷирон овардани оилаҳояшонро манъ мекунад

Ба бовари муаллифони ин тарҳ, омадани кӯдакон ва занони бекори муҳоҷирон ба Русия боиси вуруди беназорати муҳоҷират ва ташаннуҷи иҷтимоӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ба Думаи давлатӣ имрӯз 19 август лоиҳаи қонуне имрӯз ироа мешавад, ки дар сурати қабули он, дигар муҳоҷирини кории бидуни шаҳрвандии Русия наметавонанд оилаҳои худро ба ин кишвар оранд.
Дар ин бора РИА "Новости" дар такя ба асноде, ки дар ихтиёр дорад, хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин тарҳи қонун аз ҷониби гуруҳи вакилон аз ҳизби ЛДПР таҳти раҳбарии Леонид Сулудский ироа мешавад.
Пешниҳод шудааст, ки маҳдудият танҳо барои муҳоҷирони кории пасттахассус ҷорӣ карда шавад.
“Дар лоиҳаи қонун пешниҳод шудааст, ки вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, ки ба қаламрави Русия ҳамчун узви оилаи шаҳрванди хориҷӣ, ки муваққатан дар Федератсияи Русия бо мақсади анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ дар асоси асос шартномаи меҳнатӣ қарор доранд,, манъ карда шавад",- гуфта мешавад дар тавзеҳот.
Ба бовари муаллифони ин тарҳ, омадани кӯдакон ва занони бекори муҳоҷирон ба Русия боиси вуруди беназорати муҳоҷират ва ташаннуҷи иҷтимоӣ мешавад.
Дар Русия имкон аст, русидонии фарзандони муҳоҷирон пеш аз қабул ба мактаб имтиҳон шавад
Тавре муаллифони лоиҳаи қонун қайд мекунанд, сухан дар бораи мутахассисони пастихтисос меравад, ки танҳо дар асоси шартномаи меҳнатӣ ё патент дар Русия мемонанд ва дигар асосҳои қонунии зиндагӣ дар ин кишвар надоранд, масалан, шаҳрвандии Русия.
Гуфта мешавад, ки барои аъзоёни оилаҳои коргарони баландихтисоси хориҷӣ истисноҳо дода мешаванд.