ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Табибони Суғд дар бораи афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории қанди пойҳо (полинейропатия) хабар медиҳанд
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Маркази эндикринологии вилояти Суғд беш аз 1780 ҳолати нави бемории қанд сабт шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ 140% ва ё 1049 ҳолат бештар шудааст.
Дар ин бора сартабиби Маркази эндикринологии вилояти Суғд, Алишер Набиев ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
“Covid-19 ба ҳама намуд бемориҳо бонги хатар буд. Ҳоло бемории қанди нав, яъне дарди пойҳо (полинейропатия) зиёдтар шудааст” – гуфт, сартабиб.
Бино ба иттилоъи ин манбаъ ҳоло дар Маркази эндикринологии Суғд шумори умумии беморони қанд ба 16927 нафар баробар шудааст, ки дар 5092 ҳолат беморон бо орезаҳои дарди пой дучор шудаанд.
Бино ба шарҳи табибон қанди пойҳо навъе аз беморӣ будааст, ки гирифторонаш ба кашишхурии мушкаҳо ва дарди пойҳо дучор мешаванд.
Табибон мубталошавӣ ба ин бемориро аз таъсири фарбеҳӣ ва баландшавии қанд медонанд.
Дар Маркази эндокринологии Суғд роҳҳои пешгирӣ аз ин бемориро нигоҳдории қанди таркиби хун шарҳ дода, гуфтанд, қанди таркиби хун дар вақти наҳорӣ 7 – 8 ва баъди хурокхурӣ на бояд аз 10 баланд шавад.